Ҷаласаи раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ дар Минск

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мусиақил (ИДМ), ки дар шаҳри Минск доир мегардад, Тоҷикистонро муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҷаласаи Шӯрои мазкур баррасии масоили афзалияноки ҳамкории минбаъдаи мақомоти корҳои дохилии кишварҳо ва ҷараёни […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мусиақил (ИДМ), ки дар шаҳри Минск доир мегардад, Тоҷикистонро муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои мазкур баррасии масоили афзалияноки ҳамкории минбаъдаи мақомоти корҳои дохилии кишварҳо ва ҷараёни амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии лоиҳаи аснод оид ба ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар мубориза алайҳи ҷиноятҳо дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, такмили ҳамкориҳо дар бахши муқовимат бо рабудани воситаҳои нақлиёт, тасдиқи Дастури тартиби фаъолияти Пойгоҳи махсуси маълумоти Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар ҷиноятҳои хавфнок, табодули маълумот дар самти пешгирии амалҳои ғайриқонунии иттиҳодияҳои ғайрирасмии мухлисони дастаҳои варзишӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти маводи нави психотропӣ ва воситаҳои нашъаовар низ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар доираи ин чорабинӣ дидору гуфтушуниди нахуствазири Беларус Андрей Кобяков бо аъзои Шӯро ва як қатор вохӯриҳои дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.