Сиёсатмадори тоҷик ҳайкал гузоштан ба Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод мекунад



Ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон дар солҳои 80-90-уми асри гузашта Ҳикматулло Насриддинов ҳайкал гузоштан ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва такроран ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро пешниҳод мекунад.

Ба андешаи сиёсатмадор, Эмомалӣ Раҳмон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хатари парокандагӣ ва аз байн рафтан дар харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид мекард, раҳбарии Тоҷикистонро ба дӯш гирифт.

«Тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ман ҳамчун вакил мушоҳида кардам, ки бисёре аз сиёсатмадорони ботаҷрибаи он замон раҳбарии кишварро ба дӯш гирифтан намехостанд ва Эмомалӣ Раҳмон барои ба дӯш гирифтани ин вазифаи пурмасъулият розӣ шуд ва изҳор дошт, ки «ман ба Тоҷикистон сулҳу созиш меорам», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳ. Насриддинов.

Номбурда бовар дорад, ки имрӯз ҳеҷ касе хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар болоравии нуфузи Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳалли мушкилоти сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавиро инкор карда наметавонад.

spot_imgspot_img

Популярное