Дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона, ки субҳи имрӯз дар мавзеи гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе сурат гирифт, ду корманди Дастаи таъиноти махсуси милиса (Омон)-и ВКД ва нозири БДА кушта шуданд. Боз як нозири БДА бо ҷароҳатҳо аз тир ба бемористон мунтақил шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар содир шудани ин ҳамла собиқ узви Иттиҳоди мухолифини тоҷик Ҷунайдуллоро гумонбар медонанд, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҳайати Вазорати мудофиа шомил гардида буд. Чанде қабл ӯ аз санҷиши тахассусӣ (аттестатсия) нагузашта, аз кор озод шудааст. Кормандони сохторҳои қудратӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки Ҷунайдулоо бо чанд нафари дигар ба ин амал даст задааст. Дар шаҳр нақшаи боздошти дигар ҳаммаслакони ӯ ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, ин ҳамла ба ҳодисаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳеҷ муносибате надорад.
Дар акс – макони тирпарронӣ дар мавзеи наздики фурудгоҳ.



