СҶТ: Дар Осиёи Марказӣ сокинони Тоҷикистон аз ҳама камтар ба худкушӣ майл доранд

Пайрав Чоршанбиев



– Ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 800 ҳазор нафар ихтиёран ба худкушӣ даст мезананд, – гуфта мешавад дар гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) 


«Пешгирии худкушӣ»


(Предотвращение самоубийств).

Дар гузориш қайд мешавад, ки тайи солҳои ахир тамоили афзоиши шумори ҳодисаҳои худкушӣ миёни ҷавонони синни аз 15 то 25-сола ба мушоҳида мерасад.

Сабабҳои аслии ба ин амал даст задан камбизоатӣ, бекорӣ, ҳарос пеш аз ҷазо, бемориҳои рӯҳӣ, муноқишаҳои хонаводагӣ, тарсу ваҳм,сериву безорӣ аз зиндагӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои вазнин унвон шудаанд.

Гуфта мешавад, 75%-и ҳодисаҳои худкушӣ дар ҷаҳон дар кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна рух додаанд. Кишвари пешсаф аз нигоҳи сатҳи худкушӣ Гайана зикр шудааст, ки аз 100 ҳазор нафар 44 нафар даст ба худкушӣ мезананд.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ сатҳи баланди худкушӣ дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст, ки аз 100 ҳазор нафар 23 нафар рост меояд. Дар идома Туркманистон (19 нафар аз 100 ҳазор), Қирғизистон (9 нафар), Ӯзбекистон (8 нафар қарор) доранд. Миёни кишварҳои ин минтақа аз ҳама камтар сокинони Тоҷикистон ба худкушӣ майл доштаанд, ки аз 100 ҳазор нафар 4 нафарро ташкил медиҳад.

Дар паҳнои ИДМ ин нишондиҳандаҳо дар Русия – 19 нафар, Беларус – 18 нафар, Украина – 16 нафар, Молдова – 13 нафар, Арманистон – 3 нафар ва Озарбойҷон – 2 нафар аз 100 ҳазор нафарро ташкил додаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...