Боздошти гурӯҳи навбатии генерал Назарзода дар Ромит

ASIA-Plus



Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки рӯзи 13 сентябр кормандони сохторҳои қудратӣ боз се нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи генерал Абдуҳалим Назарзодаро дар дараи Ромит боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, нчунин, аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша як адад автомати «АКМ», як таппончаи «Макаров» ва миқдори зиёди лавозимоти дигари ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки тайи рӯзи 12-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ зимни гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат 5 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дастгир гардида,  аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша 5 адад автомати «АКМ» ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Таъкид мешавад, ки шахсоне, ки бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткори Назарзода А.М. ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати дарёфт ва  супоридани яроқу аслиҳа кӯмак намуданд, аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қадрдонӣ карда мешаванд.

Хотиррасон мешавад, ки шахсоне,ки барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳ кӯмак менамоянд ё яроқу аслиҳаи онҳоро дарёфт намуда хабар медиҳанд, ё оварда ихтиёран месупоранд, тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод буда, мукофотонида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал Абдуҳалим Назарзода ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, аъзои ин гурӯҳ дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит паноҳ бурданд.

Дар ҷараёни ин амалиёт 9 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба ҳалокат расиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз оғози амалиёти махсус 117 нафар ҳаммаслакони генерали ошӯбгар боздошт ва 22 нафарашон кушта шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...