Боздошти гурӯҳи навбатии генерал Назарзода дар Ромит

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки рӯзи 13 сентябр кормандони сохторҳои қудратӣ боз се нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи генерал Абдуҳалим Назарзодаро дар дараи Ромит боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, нчунин, аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша як адад автомати «АКМ», як таппончаи «Макаров» ва миқдори зиёди лавозимоти дигари ҷангӣ дарёфт […]

ASIA-Plus



Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки рӯзи 13 сентябр кормандони сохторҳои қудратӣ боз се нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи генерал Абдуҳалим Назарзодаро дар дараи Ромит боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, нчунин, аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша як адад автомати «АКМ», як таппончаи «Макаров» ва миқдори зиёди лавозимоти дигари ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки тайи рӯзи 12-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ зимни гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат 5 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дастгир гардида,  аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша 5 адад автомати «АКМ» ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Таъкид мешавад, ки шахсоне, ки бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткори Назарзода А.М. ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати дарёфт ва  супоридани яроқу аслиҳа кӯмак намуданд, аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қадрдонӣ карда мешаванд.

Хотиррасон мешавад, ки шахсоне,ки барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳ кӯмак менамоянд ё яроқу аслиҳаи онҳоро дарёфт намуда хабар медиҳанд, ё оварда ихтиёран месупоранд, тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод буда, мукофотонида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал Абдуҳалим Назарзода ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, аъзои ин гурӯҳ дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит паноҳ бурданд.

Дар ҷараёни ин амалиёт 9 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба ҳалокат расиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз оғози амалиёти махсус 117 нафар ҳаммаслакони генерали ошӯбгар боздошт ва 22 нафарашон кушта шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд