Мавқеи «Хуҷанд» дар зинаи дуюм мустаҳкамтар шуд

Бозиҳои даври сездаҳуми чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозии миёни “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ” ҷамъбаст шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дастаи соҳили Сирдарё дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд чемпиони ҳафткаратаи мамлакат “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохт. Голҳои задаи Дилшод Бозорову Фарҳод Тоҳиров се имтиёзи қимматро […]

ASIA-Plus



Бозиҳои даври сездаҳуми чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозии миёни “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ” ҷамъбаст шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дастаи соҳили Сирдарё дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд чемпиони ҳафткаратаи мамлакат “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохт.

Голҳои задаи Дилшод Бозорову Фарҳод Тоҳиров се имтиёзи қимматро насиби командаи Нумонҷон Юсупов гардониданд. Як голи металлургҳоро ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Комил Саидов ба самар расонд.

Баъди ин ғалаба “Хуҷанд” бо 30 имтиёз мавқеашро дар зинаи дуюми ҷадвали чемпионат мустаҳкамтар сохт. “Регар-ТадАЗ” бо 23 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад. Металлургҳо нисбат ба чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа аст, ҳамагӣ се имтиёз камтар доранд.

Бозиҳои дигари давраи 13-ум тариқи зайл анҷом пазируфтанд: Истиқлол» – «Далерон Ӯротеппа» – 4:0; «Вахш» – «Хайр» – 1:1; КМВА «Помир» – «Барқи тоҷик» – 1:0 ва «Парвоз» – «Равшан» – 0:5.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.