Ҷасади генерали ошӯбгар ба хок супурда шуд

ASIA-Plus



Ҷасади генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзодаи 51-сола, ки рӯзи 16 сентябр кушта шуд, дар қабристони маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, се нафар ҳаммаслакони ӯ, ки зимни муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳукумат дар дараи Ромит кушта шуда буданд, низ дар ин ормогоҳ дафн карда мешаванд. Аз исми ин нафарон ном бурда нашуд.

Маросими ҷаноза ва ба хок супурдани ин нафарон таҳти назорати дақиқи кормандони сохторҳои қудратӣ сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

дар бораи комилан анҷом ёфтани амалиёти махсус

оид ба безарар гардонидани гурӯҳи  ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти чорабиниҳои низомӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки якуним шабонарӯз идома ёфтанд, гурӯҳи террористӣ дар қисмати рости мавзеи Гусгеви дараи Ромит,  воқеъ дар 110 километрии шаҳри Ваҳдат ва баландии 3700 метр аз сатҳи баҳр иҳота карда шуд.

«Кӯшишҳои гуфтушунид ва моил сохтани онҳо ба таслимшавӣ натиҷа надоданд. Террористҳо муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода,  Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид», – зикр гардида буд дар маълумоти ВКД.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба боздошти аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳороти расмӣ пахш намуд. Аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли ҷорӣ нисбат ба саркардагон ва ҳаммаслакони ҷиноятпеша дар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, ба гумони даст доштан дар дар амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода А.М

13 аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда

, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки айни замон дар Туркия қарор дорад, ба ҳаммаслак будан бо генерали ошӯбгар муттаҳам карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...