Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода раҳсипор шуд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода, […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода, Бинои Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи «Спитаменбонк», Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 119 – ро ифтитоҳ намуда, аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва Боғи Сомон боздид ба амал меорад.

Дар назар аст, ки баъди ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳр оид ба татбиқи сиёсати ҳукумати кишвар ва корҳои ободонию созандагӣ мулоқоту суҳбатҳои самимӣ доир намуда, бо шароити кору зиндагии онҳо шинос шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.