Истиқболи сафорати ИМА аз иштирокчиёни машқҳои «Ҳамкории минтақавӣ»

Иттилоияи расмӣ



Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе омадани иштирокчиёнро ба машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ, ки чорабинии машқҳои ситодии калонтарини солонаю бисёрҷонибаи Фармондеҳии марказии ИМА мебошад ва дар ҳамкорӣ бо шарикони минтақавӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гузаронда мешавад, хайра мақдам мегӯяд.

Дар чорабинии соли ҷорӣ 187 иштирокчӣ ва ҳайати дастгирию хизматрасон аз Иёлоти Муттаҳида, Покистон ва Муғулистон ширкат хоҳанд кард ва бо шариконашон аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими равобит ҳангоми мусоидати ҳамкории минтақавӣ байни давлатҳои иштироккунанда ҳамкорӣ менамоянд. Машқҳо дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 16-24 сентябр мегузаранд.

Машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ” ба давлатҳои иштироккунанда тавассути семинарҳои таълимӣ ва машқҳои муштараки ситодӣ ҷиҳати баланд бартоштани қобилияти сулҳҷуёна ва омода шудан ба иштирок дар талошҳои байналмилалӣ имконият фароҳам меоварад. Машқҳо ба ҷараёни мувофиқати амалиётҳои муваффақ бо иштироки давлатҳои зиёд ва ба усулҳои таҳкиқотӣ барои беҳтаркунии ҳамкории ҳарбӣ-шаҳрвандӣ тамаркуз хоҳад кард. Дар боздидҳои мазкур масъалаҳои минтақавии ҷорӣ марбут ба амалиёти ҷаҳонии сулҳҷуёна, ҳамкории амниятӣ ва мубодилаи ахборот ҳангоми гузарондани амалиёти сулҳҷуёнае, ки талошҳои минтақавиро талаб мекунад, бардошта шуданд. Иёлоти Муттаҳида ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳар сол шурӯъ аз соли 2001 дар машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ” иштирок мекунанд. Соли 2014 машқҳо таҳти роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯзҳои 14-24 сентябри дар иёлоти Массачусетс гузаштанд.

Иловатан ба мизбони машқҳои соли ҷорӣ будани Тоҷикистон, он шарики муҳиме мебошад ва ба суботи васеи минтақавӣ мусоидат мекунад. ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ҳамаҷониба дошта, дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳ ва рушди иқтисод ва субот дар минтақа ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкорӣ бо Покистону Муғулистонро дар талошҳо ҷиҳати таъмини минтақаи осоиштаю устувор ва пешрафта хеле қадрдонӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...