Ифтитоҳи муҷассама бахшида ба оила дар Кӯлоб

Дар доираи як аксияи идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ  ва ба муносибати Соли оила назди Хонаи ақди никоҳи «Хушбахтӣ»-и шаҳри Кӯлоб муҷассамаи оила ифтитоҳ гардид. Аз шаҳрдории Кӯлоб ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамин рӯз дар шаҳр маросими хайрияи тӯйи арӯсии ду ҷуфти навхонадорон ва хатнатӯйи 10 нафар […]

Турко Дикаев



Дар доираи як аксияи идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ  ва ба муносибати Соли оила назди Хонаи ақди никоҳи «Хушбахтӣ»-и шаҳри Кӯлоб муҷассамаи оила ифтитоҳ гардид.

Аз шаҳрдории Кӯлоб ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамин рӯз дар шаҳр маросими хайрияи тӯйи арӯсии ду ҷуфти навхонадорон ва хатнатӯйи 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, чунин аксияҳо имрӯзҳо ҳамчунин дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Муъминободу Восеъ низ ҷараён дошта, чанде қабл дар ноҳияи Данғара ба хотири пешгирии пайвастани ҷавонон ба сафҳои созмонҳои ифротгаро дар мавзӯи нақши оила дар таълиму тарбияи фарзанд семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Тибқи маълумоти дастандаркорони ин чорабинӣ, дар аксияи мазкур ҳудуди 80 нафар кормандони хадамоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.