Ифтитоҳи бинои нави Раёсати ВКД дар Хатлон

Имрӯз бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро,  раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ ва  ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бинои нави маъмурии назди РВКД дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  нахуст вазир ва раиси вилоят дар назди муҷассамаи Поси хотири онҳое, […]

ASIA-Plus



Имрӯз бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро,  раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ ва  ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бинои нави маъмурии назди РВКД дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 

нахуст вазир ва раиси вилоят дар назди муҷассамаи Поси хотири онҳое, ки ба савганди худ содиқ буданд, гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидони ҳангоми адои хизмат фавтидаро пос доштанд.

Сипас Рамазон Раҳимзода дар саҳни бино бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Хатлон хамсӯҳбат шуда, зикр кард, ки бо дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар шароитҳои хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сол аз сол беҳтар гардида истодаанд.

Гуфта мешавад, ин бинои нави иловагӣ, ки аз се ошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, барои пешбурди хизмат ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизматии кормандони милитсия мусоидат менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.