Дархости муҳлатҳои зиёди зиндон ба ҳамхизматони Фирдавс Раҳматови фавтида

Айбдоркунандаи давлатӣ ба гумонбарони куштори сарбози қисми низомии қушӯнҳои сарҳадӣ дар Конибодом Фирдавс Раҳматов муҳлатҳои зиёди зиндон ва ба фармондеҳони ин қисми низомӣ ҷазо ба сифати иқомат дар маҳалли сукунатро дархост намуд. Модари сарбози ҳалокшуда Дилафрӯз Раҳматова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айбдоркунандаи давлатӣ ба сержант Раббони Сулаймонӣ – 20 сол, сержант […]

Меҳрангез Турсунзода



Айбдоркунандаи давлатӣ ба гумонбарони куштори сарбози қисми низомии қушӯнҳои сарҳадӣ дар Конибодом Фирдавс Раҳматов муҳлатҳои зиёди зиндон ва ба фармондеҳони ин қисми низомӣ ҷазо ба сифати иқомат дар маҳалли сукунатро дархост намуд.

Модари сарбози ҳалокшуда Дилафрӯз Раҳматова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айбдоркунандаи давлатӣ ба сержант Раббони Сулаймонӣ – 20 сол, сержант Комрон Раҳимов – 19 сол ва сарбози қаторӣ Айём Назаров – 18 соли зиндон таъини ҷазоро дархост кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, барои фармондеҳон ва афсарони қисми низомӣ айбдоркунандаи давлатӣ таъини ҷазои се соли иқомат дар маҳалли сукунатро хоҳиш кардааст, ки ӯ ба ин розӣ нест. «Ман хоҳони онам, ки ба фармондеҳону афсарони қисми низомӣ низ ҷазои марбут ба маҳрумимят аз озодӣ таъин карда шавад», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли ҷорӣ ҷасади  наваскари 22-солаи артиши Тоҷикистон Фирдавс Раҳматовро ҳамагӣ баъди 1 моҳи адои хизмат

 барои ба хок супурдан 

ба волидонаш оварданд. Он замон фармондеҳони полк, баталйон ва ротаи ин қисми низомӣ дар робита ба ин ҳодиса 

аз хизмат барканор шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.