Мақоми 80-уми Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирӣ

Дар рейтинги рақобатпазирии глобалии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ миёни 140 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 80-умро касб карда, дар муқоиса бо рейтинги соли гузашта (зинаи 91-ум) мавқеъашро 11 зина беҳтар кард. Миёни кишварҳои ИДМ Озарбойҷон бо касби зинаи 40-ум пешсафтарин дар ин рейтинг буда, Қазоқистон мақоми – 42, Русия – 45, Украина – 70, Арманистон – […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар


рейтинги


рақобатпазирии глобалии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ миёни 140 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 80-умро касб карда, дар муқоиса бо рейтинги соли гузашта (зинаи 91-ум) мавқеъашро 11 зина беҳтар кард.

Миёни кишварҳои ИДМ Озарбойҷон бо касби зинаи 40-ум пешсафтарин дар ин рейтинг буда, Қазоқистон мақоми – 42, Русия – 45, Украина – 70, Арманистон – 82, Молдова – 84 ва Қирғизистон зинаи 102-юмро ишғол мекунанд.

Швейтсария, Сингапур, ИМА, Олмон, Нидерланд, Ҷопон ва Гонконг кишварҳои пешсафи ин рейтинг дониста шуда, Гвинея, Чад ва Мавритания дар зинаҳои охир қарор доранд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ин рейтингро бо назардошти 110 нишондиҳанда, аз ҷумла вазъи зербино, самаранокии бозори мол ва кор, сифати таълим ва тандурустӣ, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, инноватсияҳо, рушди бозори молиявӣ ва чандин дигар нишондиҳандаҳо таҳия мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.