Баррасии вазъи марбут ба мухаддирот дар вохӯрии таҳлилгарони сохторҳои қудратӣ

Рӯзи 29 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии навбатии намояндагони ҷузъу томҳои таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ: КДАМ, СҚС КДАМ, АНМН, ВКД, ХГ назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, вохӯрӣ дар доираи таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи […]

ASIA-Plus



Рӯзи 29 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии навбатии намояндагони ҷузъу томҳои таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ: КДАМ, СҚС КДАМ, АНМН, ВКД, ХГ назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, вохӯрӣ дар доираи таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо дастгирии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ RER/F23 «Низоми ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи маълумоти оперативӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир” ташкил карда шуд, ки дар он масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлили муфассал ва мубодилаи маълумоти оперативӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, омӯзиши кормандон, таъмин бо техникаи компютерӣ ва таъминоти барномавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир муҳокима гардиданд.

Дар баромадҳо қайд гардид, ки дар натиҷаи вохӯрӣ, ки моҳи январи соли ҷорӣ бвргузор гардида буд, кормандони Агентӣ семинари омузишӣ гузарониданд, ки дар он таҳлилгарони шуъбаҳои таҳлилию иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд ва дар анҷоми семинар ба ҳар як мақомот таҷҳизотҳои техникӣ супорида шуд.

Барои иштирокчиёни вохӯрӣ муаррифинома оид ба вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.