Кумаки техникии ХБА ба сохтори нави Бонки миллӣ

Дар мулоқоти муовини якум ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев ва Умед Латифов бо ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Давид Григорян, Дарко Бохнеч ва Айдин Биболов масъалаҳои идома додани самаранокии татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва паҳлуҳои дигари ҳамкориҳои судманд ҷиҳати таъмин намудани устувории молиявӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти муовини якум ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев ва Умед Латифов бо ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Давид Григорян, Дарко Бохнеч ва Айдин Биболов масъалаҳои идома додани самаранокии татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва паҳлуҳои дигари ҳамкориҳои судманд ҷиҳати таъмин намудани устувории молиявӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар оғози мулоқот Ҷ. Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдори принсипҳои такмили ислоҳоти иқтисодӣ мебошад ва ба Хазинаи байналмилалии асъор барои расонидани дастгириҳои бисёрҷабҳаи техникӣ миннатдорӣ баён менамояд.

Номбурда гуфт, тибқи таҷдиди сохтори нави бонк ва тавсияи Барномаи баҳогузории бахши молиявии Хазинаи байналмилалии асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ бо номи Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо таъсис дода шуд ва он аллакай фаъолият дорад. Маълум аст, ки мутахассисони идораи навтаъсис дар марҳилаи аввали фаъолияти худ ба дастгирии техникӣ ва маслиҳату машварати коршиносони ботаҷрибаи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз доранд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини якуми раиси БМТ диққати ҳайати намояндагони ХБА-ро ба масъалаҳои зерин, аз қабили, таҳияи чораҳои сиёсати макромақбулӣ ва индикаторҳои калидии суботи молиявӣ, муайян намудани вазифаҳои асосии машваратӣ ва идоравии Кумитаи оид ба суботи молиявӣ, таҳияи вазифа ва уҳдадориҳои идораи навтаъсис, идора намудани хавфҳои системавӣ дар бахши молиявии ҷумҳурӣ, муайян кардани талабот ба истифодаи барномаҳои таҳлилии компютерӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои таҷрибавӣ ҳангоми идора намудани хавфҳои системавӣ ҷалб намуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ ҷанобон Давид Григорян ва Дарко Бохнеч изҳор намуданд, ки мақсади ташрифи онҳо ба ҷумҳурӣ ва бахусус ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақша расонидани кӯмаки техникӣ ба Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳои бонк ба шумор меравад. Дар робита ба ин, онҳо қайд карданд, ки дар ин бахш аллакай корро шуруъ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.