Семинар оид ба таҳсили фарогир дар Душанбе



Бо дастгирии Шуъбаи Ташкилоти Байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Точикистон аз 7 то 9-уми октябри соли 2015 дар шахри Душанбе семинар оид ба таҳсилоти фарогир барои донишкадаҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии омӯзгорон ва коргарони маорифи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мақсади асосии семинар мусоидат ба институсионализацияи барномҳои  таҳсилоти  фарогир дар системаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар Тоҷикистон буда, дар чорабинӣ ба масъалаҳои тамоюлҳои муосир дар рушди таҳсилоти фарогир, барномаи таълимии инфиродӣ ҳамчун механизми таъмини дастрасии маълумот ба кӯдакон бо ниёзҳои махсус, таълими муштарак ва рушди касбии омӯзгорон дар таъмини сифати  таҳсилоти фарогир таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Иштирокчиёни семинар аз омӯзгорон ва мутахассисони системаи такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии коргарони маориф ва макотибҳои олӣ иборатанд.

Машғулиятҳо аз ҷониби коршинос/тренер – Наталья Софий, директори хазинаи украинии «Қадам бо қадам», директори маркази илмӣ-методии маълумоти фарогири донишгоҳи Киев ба номи Б. Гринченко гузаронида мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное