АНМН: Ошкор шудани се ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир



Рӯзҳои аввали моҳи октябр кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар(АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон се ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 46-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуда, ҳангоми кофтуков дар хонаи номбурда бо истифода аз саги хизматӣ якчанд адад баста бо героин, ҳашиш ва афюн бо вазни умумии 300 грамм ошкор гардид.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсат сокини 42-соларо дастгир намуданд, ки аз ӯ маводи нашъаовари ҳашиш мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Бохтар дар хонаи сокини 47-солаи ноҳия кофтуков гузарониданд, ки дар натиҷаи он маводи нашъаовари героин ва гашиш ошкор гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное