Нахуствазири Афғонистон ва дипломати тоҷик вазъ дар марзро баррасӣ карданд

Зимни мулоқоти нахуствазири Афғонистон – раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати милии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов, ки санаи 6 октябр дар пойтахти Афғонистон доир гардид,  масоили марбут ба эътидол овардани вазъ дар марзи давлатии ҳарду кишвар дар партави идомаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни ҳаракати Толибон дар вилояти […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти нахуствазири Афғонистон – раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати милии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов, ки санаи 6 октябр дар пойтахти Афғонистон доир гардид,  масоили марбут ба эътидол овардани вазъ дар марзи давлатии ҳарду кишвар дар партави идомаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни ҳаракати Толибон дар вилояти Қундуз баррасӣ шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти нахуствазири Афғонистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 6 октябр, дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ дар шаҳри Қундуз бинои консулгарии Тоҷикистон осеб дида, муваққатан фаъолияти худро қатъ кардааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқоти доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Шарофиддин Имомов атрофи масъалаҳои таъмини амният дар марз ва вазъи марбут ба гурезаҳои афғон гуфтушуниди судманд сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.