Ба Миралӣ Достиев шаҳодатномаи вакили парлумон супурда шуд

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба овозхони опера, директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Миралӣ Достиев шаҳодатномаи вакили МАҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ супурда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон додозода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, М.Достиев ҳуқуқи вакил будан […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба овозхони опера, директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Миралӣ Достиев шаҳодатномаи вакили МАҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ супурда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон додозода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, М.Достиев ҳуқуқи вакил будан дар парлумонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соҳиб шуд.

Аввали моҳи октябр Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда, курсии вакилӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ холӣ шуд. Низом Қосим вакили аввалини даъвати кунунӣ аз ҲХДТ аст, ки бинобар сабаби ба мансаб бо пардохти маош интихоб шуданаш, курсии вакилиро тарк кард.

Ёдрас мекунем, ки дар интихоботи 1 март ба палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ – 16 нафар, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 3 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 2 нафар ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 нафар вакилон ба парлумон роҳ ёфтанд.


Маълумотнома:

Миралӣ Достиев 15 октябри соли 1958 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Овозхони опера. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон. Хатмкардаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.

Солҳои 1981 – 2002 – овозхони Театри опера ва балети Тоҷикистон.

Аз соли 2006 то соли 2013 ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2002-2006 ва аз соли 2013 – директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.