АНМН: Ошкор шудани се ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир

Рӯзҳои аввали моҳи октябр кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар(АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон се ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 46-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуда, ҳангоми кофтуков дар хонаи номбурда бо истифода аз […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои аввали моҳи октябр кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар(АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон се ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 46-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуда, ҳангоми кофтуков дар хонаи номбурда бо истифода аз саги хизматӣ якчанд адад баста бо героин, ҳашиш ва афюн бо вазни умумии 300 грамм ошкор гардид.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсат сокини 42-соларо дастгир намуданд, ки аз ӯ маводи нашъаовари ҳашиш мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Бохтар дар хонаи сокини 47-солаи ноҳия кофтуков гузарониданд, ки дар натиҷаи он маводи нашъаовари героин ва гашиш ошкор гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.