Шаҳрванди 36-солаи Қирғизистон рабуда ва ба қаламрави Тоҷикистон интиқол шудааст

Дар деҳаи наздимарзии ноҳияи Ботканди Қирғизистон шахсони номаълум як шаҳрванди ин кишварро рабуда ва бо худ ба қаламрави Тоҷикистон овардаанд. Нашрияи қирғизии Turmush дар ин робита менависад, рӯзи 6 октябр даҳҳо нафар дар назди бинои намояндагии ҳукумат дар вилояти Ботканд гирдиҳам омада, мусоидат ба ҷустуҷӯи ҳамдиёри худро дархост кардаанд. Ба гуфтаи гирдиҳамомадагон, тахминан 10 рӯз […]

ASIA-Plus



Дар деҳаи наздимарзии ноҳияи Ботканди Қирғизистон шахсони номаълум як шаҳрванди ин кишварро рабуда ва бо худ ба қаламрави Тоҷикистон овардаанд.

Нашрияи қирғизии

Turmush

дар ин робита менависад, рӯзи 6 октябр даҳҳо нафар дар назди бинои намояндагии ҳукумат дар вилояти Ботканд гирдиҳам омада, мусоидат ба ҷустуҷӯи ҳамдиёри худро дархост кардаанд.

Ба гуфтаи гирдиҳамомадагон, тахминан 10 рӯз пеш афроди номаълум сокини деҳаи Чон-Талааи ноҳияи Ботканд Ҷаҳонгир Турмушови 36-сола, падари се фарзандро бо худ гирифта, ба қаламрави кишвари ҳамсояи Тоҷикистон бурдаанд ва аз ҳамон замон дигар дар бораи ӯ чизе маълум нест.

Ба қавли Сироҷиддин Турмушов, бародари рабудашуда, шахсе бо номи Канибек аз Кадамҷой ба назди бародари ӯ омада, дархост кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро то шаҳри Ош барад. Бародараш ба бурдани онҳо бо таксӣ розӣ шуда, вале баъдтар автомашаинаи ӯ дар мавзеи деҳаи Добои ноҳияи Ботканд дарёфт шудааст.

Тибқи баъзе маълумот, Ҷаҳонгир Турмушов шояд аз ҷониби кормандони хадамоти махсуси Тоҷикистон бурда шуда бошад. Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки ӯ ба қаламрави кишвари ҳамсоя барои он бурда шудааст, ки гӯё шаҳрвандонро барои иштирок дар амалиёти низоми дар қаламрави Сурия ҷалб мекардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.