Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Бошқирдистон

Аз рӯи натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Бошқирдистон дар Душанбе раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид ва ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Бошқирдистон Павел Бармин созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳоро ба имзо расониданд. Зимни вохӯрӣ Шариф Саид имконоти бузурги роҳандозии шарикӣ миёни Тоҷикистону Бошқирдистонро қайд намуда, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика, саноати […]

ASIA-Plus



Аз рӯи натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Бошқирдистон дар Душанбе раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид ва ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Бошқирдистон Павел Бармин созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳоро ба имзо расониданд.

Зимни вохӯрӣ Шариф Саид имконоти бузурги роҳандозии шарикӣ миёни Тоҷикистону Бошқирдистонро қайд намуда, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳкориву сабук ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин комплекси агросаноатиро аз самтҳои афзалиятнок номид ва пешниҳод кард, ки бо мақсади «фаъол гардонидани ҳамкориҳои тоҷирон бар асоси дуҷониба» дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти Бошқирдистон созмон дода шавад.

Павел Бармин дар навбати худ изҳор дошт, ки «корхонаҳои минтақаи Урали Миёна шарикон аз Тоҷикистонро ба сифати шарикони афзалиятнок арзёбӣ мекунанд».

«Корхонаҳои истеҳсолии минтақа ба пешниҳоди ҳамкорӣ дар масъалаҳои таҳвили маҳсулоти комплекси мошинсозӣ, бахшҳои тиббӣ ва дорусозӣ, маснӯот барои саноати нафту газ ва нафту кимиё омодаанд», – гуфт П.Бармин.

Дар ҷараёни сафари ҳайати соҳибкорони Бошқирдистон ба Тоҷикистон ҳамчунин масоили интиқоли меваю сабзавоти тару тоза аз Тоҷикистон ба ин минтақа, коркарди маҳсулоти сабзавоту мева, таъсиси корхонаҳои муштарак бо давраи пурраи коркарди нахи пахта, интиқоли таҷҳизоту техникаи кишвоарзӣ ба Тоҷикистон ва ифтитоҳи филиал ва намояндагиҳои ширкатҳои Бошқирдистон дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон ҳайати соҳибкорони Бошқирдистон аз Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ, КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон», корхонаи «Тоҷиккабел», ширкати «ТАДЭС», Донишкадаи «Гидропроект»ва минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» дар вилояти Хатлон боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.