Консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз баста аст

Бар асари задухӯрдҳои низомӣ миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни ҳаракати Толибон дар шаҳри Кундуз, ки то ҳанӯз идома доранд, бинои консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр осеб дида, фаъолияти консулгарӣ муваққатан боздошта шудааст. Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев, ки нахустин консули Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз […]

ASIA-Plus



Бар асари задухӯрдҳои низомӣ миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни ҳаракати Толибон дар шаҳри Кундуз, ки то ҳанӯз идома доранд, бинои консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр осеб дида, фаъолияти консулгарӣ муваққатан боздошта шудааст.

Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев, ки нахустин консули Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз буд, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар маркази шаҳр, миёни биноҳои маъмурияти вилоят ва мақомоти амният воқеъ аст. «Мо ҳеҷ гоҳ фикри онро надоштем, ки дар ин қисмати таҳти посбонии пурзӯр қарордошта чунин даргириҳои шадид ба вуқӯъ пайвандад», – гуфт ӯ.

Таъкид гардид, ки консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз ягона намояндагии дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар ин шаҳри шимоли Афғонистон аст. «То оғози даргириҳо консули Тоҷикистон дар ин шаҳр Ятимшо Мусофиров ба Душанбе даъват шуда, дар кори семинар-машварати консулҳои ҷумҳурӣ иштирок кард ва то имрӯз дар пойтахти кишвар қарор дорад», – қайд кард Атоев.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти мавҷуда, ба бинои консулгарии Тоҷикистон тирҳо расида, дарвозаҳои бино аз ҷониби афроди номаълум бурда шудаанд ва посбонони маҳаллӣ низ иншоотро тарк кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.