Э.Раҳмон: Дар тӯли 60%-и марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷангҳо ҷараён доранд

Зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин рӯзи 6 октябр дар шаҳри Сочи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки дар тӯли 60%-и марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷангҳо ҷараён доранд. «Вазъ дар Афғонистон рӯз то рӯз бадтар мешавад. Қариб дар тӯли беш аз 60%-и марз, дар муқобили ҷониби Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсарҳад амалиёти низомӣ ҷараён дорад. […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин рӯзи 6 октябр дар шаҳри Сочи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки дар тӯли 60%-и марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷангҳо ҷараён доранд.

«Вазъ дар Афғонистон рӯз то рӯз бадтар мешавад. Қариб дар тӯли беш аз 60%-и марз, дар муқобили ҷониби Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсарҳад амалиёти низомӣ ҷараён дорад. Ин вазъ барои мо хеле нигаронкунанда аст, аз ин рӯ, мехостам зимни вохӯрии имрӯзаамон маҳз масъалаи таъмини амният дар минтақаро баррасӣ кунем», – 

иттилоъ медиҳад

хадамоти матбуоти президенти Русия бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон.

Дар навбати худ Владимир Путин қайд кардааст, ки аз вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Русия нигарон аст. «Гуфтушунид оид ба масоили муносибатҳои дуҷониба ва вазъ дар минтақа, ки бешубҳа боиси нигаронии мост, зарур аст», – гуфтааст президенти Русия.

Гуфта мешавад, ҳамчунин президенти Русия Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш низ табрику таҳният гуфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.