Ду далели хариду фурӯши ноболиғон дар ҷануби ҷумҳурӣ



Дар минтақаи ҷанбуи ҷумҳурӣ кормандони милиса ду далели хириду фурӯши ноболиғонро ошкор карданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, ки рӯзи 6-уми октябр кормандони милитсия зани 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони фурӯши тифли навзод дастгир кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда  дар меҳмонхонаи “Мурод Боқӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Қурғонтеппа ба зани 27-сола, сокини ш.Қӯрғонтеппа тифли навзоди ҷинсаш мардро ба маблағи 300 сомонӣ фурӯхтааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин рӯз зани 30-солаи сокини ноҳияи Бохтар низ бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир гардида, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, санаи 29-уми сентябри соли 2015, дар меҳмонхонаи мазкур ба зани дар боло зикргардидаи 27-сола, сокини ш.Қӯрғонтеппа тифли навзоди ҷинсаш занро ба маблағи 1500-сомонӣ фурӯхтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное