Мактаби зодгоҳи Акбаралӣ Сатторов номи ӯро гирифт



Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор рӯзи 7 октябр дар бораи ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштани мактаби миёнаи №25-и деҳаи Мортеппа, ки онро ӯ соли 1982 хатм кардааст, якдилона қарор қабул кард.

Роҳбари гурӯҳи расонаҳои «Чархи гардун», раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов санаи 28 августи соли 2015 дар синни 51-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт.

Ёдрас мекунем, ки ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр пешниҳод намуд, ки маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муроҷиат карда шавад, то ки номи яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи ӯ гузошта шавад. Ҳамчунин дар бораи омода кардан ва дар шаҳр гузоштани нимпайкараи марҳум низ пешниҳодҳо садо дода буданд.

Ғайр аз ин, пешниҳод шуда буд, ки бо маблағгузории васоити ахбори умуми ватанӣ ҷоизаи ҳамасолаи ба номи Акбаралӣ Сатторов таъсис дода шавад. Боз пешниҳод шуд, ки дар рӯзи марги Акбаралӣ Сатторов (28 август) ҳамасола Рӯзи ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон ҷашн гирифта шавад.

spot_imgspot_img

Популярное