Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони гурӯҳи «Пешоҳанг»



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» (Авангард)-и кишвар вохӯрӣ баргузор намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни сӯҳбати озоду самимӣ бо намояндагони насли ҷавон Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки яке аз самтҳои асосии мақомоти корҳои дохилӣ таҳким бахшидани робитаи доимӣ бо ҷомеа мебошад. Вохӯрии мазкур низ дар заминаи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ равона гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум, бахусус бо ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар самти пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористиву экстремистидошта, тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин эҳтиром гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ, пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

spot_imgspot_img

Популярное