Азим Иброҳим: Гуфтушуниди марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба некӣ меанҷомад



Раҳбарии Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон дар гуфтушунид бо ҳайати Қирғизистон ба дӯши муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим вогузор шудааст. То ин замон комиссияи мазкурро вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров сарварӣ мекард.

Дар суҳбати кӯтоҳ бо

Радиои Озодӣ

Азим Иброҳим итминон додааст, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо некӣ анҷом хоҳанд ёфт.

Радиои Озодӣ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марзи мустақим доранд, ки то имрӯз 506 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст.

Гуфта мешавад, вуҷуди минтақаҳои зиёди баҳсӣ дар тӯли марзи ин ду кишвар ва асосан дар байни вилоятҳои Суғду Бодканд, ҳар сари чанд вақт боиси муноқишаҳо ва ҳатто задухӯрдҳои мусаллаҳона байни марзбонони тоҷику қирғиз ва ҳам сокинони ду тарафи марз мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Азаттик (хадамоти қирғизии Радио) иттилоъ медиҳад, ки сокинони деҳаи наздимарзии Оқ-Сой роҳи мошингарди транзитӣ аз Ворух ба қаламрави Тоҷикистонро боз кардаанд.

Қаблан сокинони маҳаллӣ хабар дода будаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе коргаронро ба сохтмони роҳи мошингарди Тамдик роҳ надодаанд ва дар посух ба ин амали онҳо, шаҳрвандони қирғиз роҳи транзитии Тоҷикистонро бастаанд.

Сардори Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Бодканд Болтобек Кундузов изҳор доштааст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ ба ҷойи ҳодиса омада, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд ва баъди ин ҷамъомадагон ба хонаҳояшон пароканда шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное