СММ: Ҷангиён аз ОМ мансабҳои сарфармондеҳии ДИИШ-ро ишғол мекунанд

– Ба сафҳои сарфармондеҳони Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва Ҷабҳаи «Ан-Нусра» чеченҳо аз Русия ва ҷангиён аз Осиёи Марказӣ (ОМ) шомиланд, – хабар медиҳад Радиои СММ   бо истинод ба гузориш дар бораи ҷангиён-террористҳои хориҷӣ. Гузориш аз ҷониби Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ омода шудааст. Ба номгӯи гурӯҳҳои марбут ба «Ал-Қоида» СММ се созмони […]

ASIA-Plus



– Ба сафҳои сарфармондеҳони Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва Ҷабҳаи «Ан-Нусра» чеченҳо аз Русия ва ҷангиён аз Осиёи Марказӣ (ОМ) шомиланд, – хабар медиҳад


Радиои СММ


  бо истинод ба гузориш дар бораи ҷангиён-террористҳои хориҷӣ. Гузориш аз ҷониби Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ омода шудааст.

Ба номгӯи гурӯҳҳои марбут ба «Ал-Қоида» СММ се созмони терористӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ – «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳ (ё Иттифоқ)-и ҷиҳоди исломӣ» ва «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ»-ро дохил кардааст.

Баҳори соли 2015 «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ба Давлати исломии Ироқу Шом савганди садоқат ёд кард.

Қайд мешавад, ки аксари ҷангиён-террористони хориҷӣ аз Осиёи Марказӣ тариқи Туркия ба Сурия рафта, қисми дигар бо убури марзҳои начандон пурзӯр посбонимешудаи Афғонистону Покистон дар урдугоҳҳои таълимии Вазиристони Шимолӣ аз давраи омӯзишиву омодагӣ мегузаранд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки ҷалби ҷангиён-террористони хориҷӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аслан кори дасти «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буда, ахиран бештар муҳоҷирону занон ба доми онҳо меафтанд.

Бино ба маълумоти як қатор кишварҳо, шаҳрвандони онҳо ба қаламрави таҳти назорати ДИИШ қарордошта рафта, дар он ҷо бо оилаҳояшон сукунат мекунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар минтақаҳои низоъ 30 ҳазор нафар ҷангиён-террористони хориҷии беш аз 100 кишвар ҳузур дошта, вақтҳои охир шумори онҳо меафзояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.