Беҳтарин кормандони бахши кишоварзии Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон беҳтарин кормандони бахши кишоварзии ҷумҳуриро муайян кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, Абдувалӣ Рӯзиев, роҳбари кооперативии истеҳсолии Ҷ. Расулов – пахтакори беҳтарин, Амонулло Ҳабибов, роҳбари хоҷагии деҳқонии Сомонҷон – ғаллакори беҳтарин дониста шуданд. Роҳбари ҶДММ «Баракати чорводорӣ» Қуватов М. – чорводори беҳтарин, сардори хоҷагии деҳқонии “Уртабуз” Аламшо Ибодов – […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати кишоварзии Тоҷикистон беҳтарин кормандони бахши кишоварзии ҷумҳуриро муайян кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, Абдувалӣ Рӯзиев, роҳбари кооперативии истеҳсолии Ҷ. Расулов – пахтакори беҳтарин, Амонулло Ҳабибов, роҳбари хоҷагии деҳқонии Сомонҷон – ғаллакори беҳтарин дониста шуданд.

Роҳбари ҶДММ «Баракати чорводорӣ» Қуватов М. – чорводори беҳтарин, сардори хоҷагии деҳқонии “Уртабуз” Аламшо Ибодов – сабзавоткори беҳтарин, сардори хоҷагии деҳқонии ба номи Боқӣ Раҳимзода Нарзулло Абдураҳмонов – картошкапарвари беҳтарин ва сардори хоҷагии деҳқонии “Ривоҷ” Ятимов Р. – боғбони беҳтарин эътироф гардиданд.

Сардори хоҷагии “Паррандапарвар-2” Садриддин Беков – паррандапарвари беҳтарин, сардори хоҷагии деҳқонии инфиродӣ Набиҷон Пулотов – занбӯриасалпарвари беҳтарин, сардори хоҷагии моҳипарварии “Чубек”Сараев Р.- моҳипарвари беҳтарин ва механизатори хочагии деҳқонии «Бобоҷон» Анваршо Ташрипов механизатори беҳтарин шинохта шуданд.

Ходими калони илмии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Бақо Каримов олими беҳтарини соҳаи кишоварзӣ дониста шуд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба беҳтарин кормандони бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ифтихоорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.