Тасҳеҳи қисмати даромади буҷет барои бунёди маркази тиббӣ дар Душанбе

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони кишвар ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» маъқул шуморида шуд. Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода қайд кард, ки дар лоиҳаи тағйирот ба қонуни мазкур озод кардани воридоти 90 номгӯи таҷҳизот ва техникаи тиббӣ […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони кишвар ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» маъқул шуморида шуд.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода қайд кард, ки дар лоиҳаи тағйирот ба қонуни мазкур озод кардани воридоти 90 номгӯи таҷҳизот ва техникаи тиббӣ барои сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

«Барои сохтмони иншооти зикршуда аз буҷети пойтахт беш аз 500 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти он – ҳудуди 44 млн. сомонӣ харҷ шуда, ҳаҷми маблағи озодшуда аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ 14,6 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Маркази тиббии «Пойтахт-90» дар паҳлӯи Маркази ташхис аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст.

Бино ба маълуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани маркази тиббии «Пойтахт-90» ахири соли равон дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.