Азим Иброҳим: Гуфтушуниди марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба некӣ меанҷомад

Раҳбарии Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон дар гуфтушунид бо ҳайати Қирғизистон ба дӯши муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим вогузор шудааст. То ин замон комиссияи мазкурро вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров сарварӣ мекард. Дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ Азим Иброҳим итминон додааст, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо некӣ анҷом хоҳанд ёфт. Радиои Озодӣ […]

ASIA-Plus



Раҳбарии Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон дар гуфтушунид бо ҳайати Қирғизистон ба дӯши муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим вогузор шудааст. То ин замон комиссияи мазкурро вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров сарварӣ мекард.

Дар суҳбати кӯтоҳ бо

Радиои Озодӣ

Азим Иброҳим итминон додааст, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо некӣ анҷом хоҳанд ёфт.

Радиои Озодӣ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марзи мустақим доранд, ки то имрӯз 506 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст.

Гуфта мешавад, вуҷуди минтақаҳои зиёди баҳсӣ дар тӯли марзи ин ду кишвар ва асосан дар байни вилоятҳои Суғду Бодканд, ҳар сари чанд вақт боиси муноқишаҳо ва ҳатто задухӯрдҳои мусаллаҳона байни марзбонони тоҷику қирғиз ва ҳам сокинони ду тарафи марз мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Азаттик (хадамоти қирғизии Радио) иттилоъ медиҳад, ки сокинони деҳаи наздимарзии Оқ-Сой роҳи мошингарди транзитӣ аз Ворух ба қаламрави Тоҷикистонро боз кардаанд.

Қаблан сокинони маҳаллӣ хабар дода будаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе коргаронро ба сохтмони роҳи мошингарди Тамдик роҳ надодаанд ва дар посух ба ин амали онҳо, шаҳрвандони қирғиз роҳи транзитии Тоҷикистонро бастаанд.

Сардори Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Бодканд Болтобек Кундузов изҳор доштааст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ ба ҷойи ҳодиса омада, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд ва баъди ин ҷамъомадагон ба хонаҳояшон пароканда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.