Ҳамфикрии Ӯзбекистону Туркманистон дар масъалаи истифодаи об

Сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон Ислом Каримов ва Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор доштанд, ки зимни бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии бузург дар рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ бояд манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ба инобат гирифта шаванд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, дар ҷараёни гуфтушуниди сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон, ки санаи 8 октябр дар Тошканд баргузор шуд, ҷонибҳо қайд […]

ASIA-Plus



Сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон Ислом Каримов ва Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор доштанд, ки зимни бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии бузург дар рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ бояд манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ба инобат гирифта шаванд.

Бино ба

маълумоти

хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, дар ҷараёни гуфтушуниди сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон, ки санаи 8 октябр дар Тошканд баргузор шуд, ҷонибҳо қайд кардаанд, ки «кишварҳои мо дар масъалаи истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ мавқеи ягона доранд».

Каримов ва Бердимуҳаммедов таъкид доштаанд, ки масоили марбут ба бахши обу энергетика бояд бар асоси меъёру усулҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байнулмилалӣ ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа бо иштироки созмонҳои байнулмилалӣ баррасӣ шаванд.

Ҳамчунин зимни мулоқот зикр гардидааст, ки зимни ҳаллу фасли масъалаҳои сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ, комилан риоя намудани талаботи конвенсияҳои дахлдори СММ зарур мебошад.

Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов бо даъвати Ислом Каримов рӯзҳои 7-8 октябр бо сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор дошт.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар яке аз шоҳаҳои Амӯдарё – рӯдхонаи Вахш ба итмом расониданист, вале Ӯзбекистон қотеъона мухолифи бунёди ин иншоот садо баланд мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.