Рӯзи 12 октябр таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати кории мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили иҷрои қисамти даромади буҷети шаҳр баррасӣ шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев ба муовини худ Шуҳрат Мақсудзода, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбари Раёсати молияи шаҳрдории пойтахт супориш додааст, ки тамоми имконоти мавҷуда баҳри иҷрои қисмати даромади буҷети пойтахт ва истифодаи мақсадноки воситаҳои молиявӣ сафарбар шавад.
Барои беҳбуди ҷараёни ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ ва ҳалли мушкилоти имрӯза дар ин самт дастур дода шудааст, ки ҳамкорӣ миёни ҳамаи сохторҳоро беҳтар намуда, дар ҳамин ҳол, ҳолатҳои изофанависӣ ва муҳосиботи дугона аз байн бурда шавад.
Раиси пойтахт изҳор доштааст, ки барои харидории техникаи коммуналӣ 30 фоиз аз маблағи буҷети барзиёд иҷрошудаи шаҳр ва 100% аз ноҳияҳои шаҳр равона мегардад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти сохторҳои ноҳияҳои пойтахт дар масъалаи саривақт аз шаҳр берун баровардани партовҳои маиширо мавриди интиқоди шадид қарор додааст.
Раиси пойтахт оид ба тозакунии ҷӯйборҳо ва селпартоҳо дар қаламрави шаҳр ба хадамоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.



