Такмили ихтисоси кинологҳои сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ

Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ курсҳои такмили ихтисоси кинологҳо оғоз гардиданд, ки якуним моҳ давом меёбанд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар курси омӯзишӣ мутахассисони соҳаи кинологияи АНМН-и назди Президенти ҶТ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилаи ҶТ иштирок […]

ASIA-Plus



Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ курсҳои такмили ихтисоси кинологҳо оғоз гардиданд, ки якуним моҳ давом меёбанд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар курси омӯзишӣ мутахассисони соҳаи кинологияи АНМН-и назди Президенти ҶТ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилаи ҶТ иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, иштирокчиён дар курси мазкур назарияи омӯзиши сагҳо, қоидаҳои асосии нигоҳ доштан ва ғизо додан ба сагҳо, риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми ром кардани сагҳои хизматӣ, омӯзонидани саги хизматӣ бо истифодаи лавозимоти махсус барои ромкунӣ, мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидан ба рефлекси саги хизматӣ ба дарёфти маводи нашъаовар ва машқҳои гуногунро меомӯзанд. Инчунин дарсҳои назариявӣ ва амалӣ дар самти дарёфти 5 намуди маводи нашъаовар бо истифода аз сагҳои хизматӣ гузаронида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки баъд аз хатми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён сертификатҳо супорида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.