Норозигии раиси пойтахт аз рафти ҷамъоварии андози иҷтимоӣ

Рӯзи 12 октябр таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати кории мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили иҷрои қисамти даромади буҷети шаҳр баррасӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев ба муовини худ Шуҳрат Мақсудзода, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбари Раёсати молияи шаҳрдории пойтахт […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 12 октябр таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати кории мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили иҷрои қисамти даромади буҷети шаҳр баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев ба муовини худ Шуҳрат Мақсудзода, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбари Раёсати молияи шаҳрдории пойтахт супориш додааст, ки тамоми имконоти мавҷуда баҳри иҷрои қисмати даромади буҷети пойтахт ва истифодаи мақсадноки воситаҳои молиявӣ сафарбар шавад.

Барои беҳбуди ҷараёни ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ ва ҳалли мушкилоти имрӯза дар ин самт дастур дода шудааст, ки ҳамкорӣ миёни ҳамаи сохторҳоро беҳтар намуда, дар ҳамин ҳол, ҳолатҳои изофанависӣ ва муҳосиботи дугона аз байн бурда шавад.

Раиси пойтахт изҳор доштааст, ки барои харидории техникаи коммуналӣ 30 фоиз аз маблағи буҷети барзиёд иҷрошудаи шаҳр ва 100% аз ноҳияҳои шаҳр равона мегардад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти сохторҳои ноҳияҳои пойтахт дар масъалаи саривақт аз шаҳр берун баровардани партовҳои маиширо мавриди интиқоди шадид қарор додааст.

Раиси пойтахт оид ба тозакунии ҷӯйборҳо ва селпартоҳо дар қаламрави шаҳр ба хадамоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.