Нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Муғулистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 12 октябр котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон Дамба Ганхуягро, ки барои иштирок дар нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Муғулистон дар […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 12 октябр котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон Дамба Ганхуягро, ки барои иштирок дар нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Муғулистон дар заминаи татбиқи мувофиқатҳое, ки қаблан дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар арсаҳои мухталиф баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ ва котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон Дамба Ганхуяг нахустин машваратҳои сиёсии ду кишвар баргузор шуданд.

Гуфта мешавад, дар рафти машваратҳо табодули назари судманд роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, илмию фарҳангӣ ва консулӣ сурат гирифт. Роҳҳои татбиқи амалии мувофиқатҳое, ки аз натиҷаи музокироти сатҳи олӣ моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе бармеояд, баррасӣ ва тарҳрезӣ карда шуданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, омодагии худро изҳор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.