Ширкати Tethys дар остонаи талаф додани дороиҳои худ дар Тоҷикистон

Ширкати нафту гази Tethys Petroleum Limited-и Канада метавонад аз лоиҳаи коркарди кони бузурги нафту газ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон хориҷ шавад. Дар сомонаи расмии Tethys дар ин робита гуфта мешавад , моҳи сентябри соли равон ширкат иҷрои уҳдадориҳои молиявии худ аз рӯи лоиҳаи коркарди кони Бохтар набаромада, аз ин рӯ, шарикони Tethys адар ин лоиҳа […]



Ширкати нафту гази Tethys Petroleum Limited-и Канада метавонад аз лоиҳаи коркарди кони бузурги нафту газ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон хориҷ шавад.

Дар сомонаи расмии Tethys дар ин робита

гуфта мешавад

, моҳи сентябри соли равон ширкат иҷрои уҳдадориҳои молиявии худ аз рӯи лоиҳаи коркарди кони Бохтар набаромада, аз ин рӯ, шарикони Tethys адар ин лоиҳа – Корпоратсияи миллии нафти Чин (CNPC) ва Total Exploration and Production (Total)-и Фаронса талаб кардаанд, ки ширкати канадагӣ аз Созишномаи Бохтар оид ба фаъолияти муштарак хориҷ шавад.

Огоҳиномаи фиристодаи ширкатҳои CNPC ва Total бар он асос ёфтааст, ки Tethys ба санаи 9 октябр пардохт аз рӯи лоиҳа дар моҳи сентябрро дар ҳаҷми тақрибан 1,28 млн. доллари ИМА ва моҳи октябр ба маблағи ҳудуди 780 ҳазор доллари ИМА-ро анҷом надодааст.

Дар ин огоҳинома аз шарикони Tethys комилан хориҷ шудани Kulob Petroleum Limited (ширкати фаръии Tethys) аз Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак ва ҳамчунин ба ихтиёри ин ширкатҳо супурдани тамоми ҳисса дар лоиҳаи «Бохтар» тақозо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Tethys дар маълумоти худ таъкид месозад, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ дар лоиҳаи коркарди кони «Бохтар» аз тамоми имконоту талошҳои аз нигоҳи тиҷоратӣ қобили қабул истифода хоҳад кард.

Ширкати Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ахири моҳи июли соли 2012 раҳбарияти ширкат изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар кони Бохтар «захираҳои хеле бузург»-и нафту газ дарёфт шуданд.

Коршиносони ширкат ин захираҳоро бидуни омили хавф 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-аш ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд.

Пас аз ин изҳорот ба захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди CNPC ва Total таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Моҳи июли соли 2013 Tethys , Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд.

Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот майдони ҳудуди 35 ҳазор метри мураббаъ дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.