Тӯли 9 моҳ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 19 задухӯрди мусаллаҳона рух дод

Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 19 задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон сурат гирифта, дар рафти онҳо 10 қочоқчӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ҶИА ва 6 нафар аз ҳисоби шаҳрвандони ҶТ ҳалок ва аз ҳисоби қочоқчиёни афғон 2 нафар захмӣ шуданд. Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]



Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 19 задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон сурат гирифта, дар рафти онҳо 10 қочоқчӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ҶИА ва 6 нафар аз ҳисоби шаҳрвандони ҶТ ҳалок ва аз ҳисоби қочоқчиёни афғон 2 нафар захмӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизмати-ҳарбии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли 2015 дар ин бора маълумот дода шуд.

Дар ин давра 165 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд, ки аз ин ҳисоб шаҳрвандони Афғонистон – 31 нафар, Қирғизистон – 6 нафар, Тоҷикистон – 109 нафар, Ӯзбекистон – 9 нафар, Чин – 2 нафар ва Русия – 8 нафар мебошанд.

Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар хатти сарҳад беш аз 1 тонна маводи мухаддир, 20 адад аслиҳаи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба роҳбарони Раёсатҳо ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба саривақт иҷро намудани чорабиниҳои тарҳрезишуда, ҳамчунин оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии назорати сарҳад, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣи супоришҳои мушаххас додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.