Ҳалокати 4 нафар бар асари таркиш дар анбори нафти наздикии Душанбе

Бар асари таркиш, ки шоми рӯзи сешанбе дар қаламрави анбори нафти воқеъ дар наздикии шаҳри Душанбе рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса дар анбори нафти ширкати «Бафоев Ғайбулло» воқеъ дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ ба амал омадааст. Сабаби ба амал омадани таркиш риоя накардани қоидаҳои […]

ASIA-Plus



Бар асари таркиш, ки шоми рӯзи сешанбе дар қаламрави анбори нафти воқеъ дар наздикии шаҳри Душанбе рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса дар анбори нафти ширкати «Бафоев Ғайбулло» воқеъ дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ ба амал омадааст.

Сабаби ба амал омадани таркиш риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои кафшергарӣ унвон шудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш чор нафар кормандони корхонаи мазкур ба ҳалокат расида, якчанд нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки ин анбори нигаҳдории нафт ба ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» ба иҷора дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.