Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ ба Қазоқистон раҳсипор мешавад. Воҳурии сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 16 октябр дар вилояти Акмола, дар меҳмонхонаи «Риксос Боровое»-и шаҳраки Бурабой доир мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар Қазоқистон вохӯриҳои дуҷонибаи сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Иттиҳод ба нақша гирифта нашудааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ баррасии лоиҳаҳои аснод ба муносибати санаҳои таърихии қарибулвуқӯъ – 70-умин солгарди таъсиси СММ ва 30-солагии садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил дар назар аст.
Ғайр аз ин дар ҷаласа ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкориҳо дар бахшҳои муҳоҷират, фарҳанг, мубориза бо ҷинояткорӣ, огоҳӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳифзи марзҳо қабул шуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои мутақобила дар бахши низомӣ баррасӣ мешаванд.



