Сокини 65-солаи шаҳри Хуҷанд бар асари як муноқиша хоҳари 61-солаи худро бо табар ба қатл расонид.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят кормандони милитсия нафақахӯр, сокини 65-солаи шаҳрро боздошт кардаанд.
Гуфта мешавад, нимаи дуюми рӯзи 13 октябр нафақахӯр дар ҳолати мастӣ назди театри “Наврасон”-и ш. Хуҷанд аз сабаби муноқишаи бамиёномада бо хоҳараш, зани 61-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо табари дар дасташ буда, якчанд маротиба ба қисми сар ва гардани хоҳараш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.



