Кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як далели саркашӣ аз супоридани андоз дар ҳаҷми махсусан калонро муайян ва ошкор карданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, сармуҳосиби ҶДММ «ДТТ» дар якҷоягӣ бо директори коргоҳи мазкур, марди 38-солаи сокини пойтахт дар дидбонгоҳи гумрукии шаҳри Душанбе маҳсулотҳои вориднамудаи соҳибкоронро бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба номи ҷамъияти мазкур ба расмияти гумрукӣ даровардаанд.
Ба иттилои манбаъ, номбурдагон дар давраи аз 19-уми марти соли 2014 то 1-уми августи соли 2015, дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ амалиёти андозбандишавандаро ба миқдори махсусан калон нишон надода, аз пардохти андоз ба маблағи 2 млн. 805 ҳазору 216 сомонӣ саркашӣ намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 14 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байнулмилалии соҳибкорон дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки як қисми соҳибкорон талаботи қонунгузориро риоя накарда, ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот, рӯйпӯш намудани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ, бо мақсади пинҳон кардани камбудиву норасоиҳои молиявӣ дуруст ба роҳ намондани ҳисобу китоби муҳосибӣ даст мезананд ва ҳатто баъзе аз онҳо бо роҳи додани ришва мехоҳанд қонуншиканиҳои худро рӯйпӯш намоянд.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи сарвари давлат, аз ҷумла дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми солҳои 2011-2014 ва 9 моҳи соли 2015 ба маблағи 231 миллион сомонӣ зарари молиявӣ аз ҳисоби камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмон, талафи пулию молӣ аз бесарусомонӣ ва ҳолатҳои кам ҳисобӣ кардан ва рӯйпӯш намудани андозҳо ошкор карда шудааст.



