Имрӯз дар шаҳри Остона нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегардад, ки дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.
Дар нишаст ба масъалаи таъмини амният дар тамоми қаламрави Иттиҳод ва мубориза бо терроризм таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ низ баррасӣ ва имзои як қатор созишномаҳои умумӣ дар назар аст.
Бино ба иттилои котиботи ИДМ, дар нишаст масъалаи таъини ҷойи нишасти минбаъда ҳаллу фасл шуда, инчунин раиси нави Иттиҳод интихоб мешавад. Айни замон раёсат дар Иттиҳодро Украина ба уҳда дорад.
Дар Остона рӯзи 15 октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардида, дар он лоиҳаи изҳоротҳои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва 70-солагии таъсисёбии Созмони Миллали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни ҷаласа масъалаҳои ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкориҳои низомӣ дар минтақа, аз ҷумла оид ба татбиқи лоиҳаи Консепсияи ҳамкориҳои низомии давлатҳои аъзои ИДМ то соли 2020 ва рушду ташаккули муассисаи заминавии таълимии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мубориза бар зидди расмикунонии маблағҳои тавассути ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм қобили қабул дониста шуд.
Гуфта мешавад, инчунин масъалаҳои соҳаи гуманитарӣ, аз ҷумла лоиҳаи Стратегияи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ то давраи соли 2020 низ тасдиқ шуд.



