Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар Остона



Бегоҳии рӯзи 15 октябр бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар шаҳри Остона дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбати самимона тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва масъалаҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин атрофи масъалаҳои вобаста ба татбиқи созишҳои бадастомадаи сарони ду кишвар ва комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ табодули назар сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное