Барои анҷоми пурраи корҳои бозсозии нақби «Истиқлол» боз 10 млн. $ маблағ зарур аст

Date:



Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода изҳор намуд, ки барои анҷоми пурраи корҳои таъмиру бозсозии нақби «Истиқлол» дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд боз ҳудуди 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Вазир қайд кард, ки то имрӯз барои сохтмони ин иншоот беш аз 61 млн. доллари ИМА маблағ хароҷот шудааст, ки 10 млн. доллари он ҳанӯз замони шӯравӣ дар сохтмон масраф гардида буданд.

«Айни замон барои сохтмони як километри роҳ дар дохили нақб ба ҳисоби миёна наздики 12,2 млн. доллари ИМА маблағ харҷ шуда, мушкилоти обравӣ дар нақб бартараф ва роҳ аз нав бетонрезӣ шуд», – қайд кард вазир.

Ба гуфтаи ӯ, феълан низ дар нақб мушкилоти марбут ба насби ҳавокашҳои пуриқтидор, равшангардонӣ, насби камераҳои мушоҳидаи видеоӣ ва таъмини низоми бехатарии сӯхтор вуҷуд доранд.

Пас аз суханронии вазир вакилон Ёдддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол»-ро якдилона тасдиқ намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...