Иштироки зодаи Тоҷикистон дар озмуни истеъдодҳои MoneyPolo

Зодаи Тоҷикистон Малика Раҳмонова ба даври ниҳоии озмуни ҳамасолаи истеъдодҳои MoneyPolo12 роҳ ёфт, ки дар он зодагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили муқими давлати Чехия иштирок мекунанд. Ҳамдиёри мо ба озмун мантуи пухтаашро пешниҳод намуд, ки аъзои ҳакамонро мафтун кард. Созмондеҳи озмун – ширкати MoneyPolo ҳамасола ба ин монанд чорабиниҳоро доир мекунад. Соли гузашта дар ин озмун […]

ASIA-Plus



Зодаи Тоҷикистон Малика Раҳмонова ба даври ниҳоии озмуни ҳамасолаи истеъдодҳои MoneyPolo12 роҳ ёфт, ки дар он зодагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили муқими давлати Чехия иштирок мекунанд.

Ҳамдиёри мо ба озмун мантуи пухтаашро пешниҳод намуд, ки аъзои ҳакамонро мафтун кард.

Созмондеҳи озмун – ширкати MoneyPolo ҳамасола ба ин монанд чорабиниҳоро доир мекунад. Соли гузашта дар ин озмун зодаи Муғулистон ғолиб омада буд.

Соли равон дар озмун 51 довталаб ширкат доштанд. Ҳайати ҳакамони касбӣ аз миёни онҳо 12 нафарро барои иштирок дар давраи ниҳоӣ интихоб намуданд.

Малика 33-сола буда, журналист аст. Ӯ барои таҳсил ба Чехия рафта он ҷо кор мекард ва сипас дар ҳамон ҷо ба шавҳар баромадааст. Айни замон Малика ба пухтупази маҳсулоти қаннодӣ машғул буда, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаеро боз намудаст ва барои тайёр кардани таомҳои миллии тоҷикӣ фармоиш қабул мекунад.

Дар ҳамин ҳол, интихоби беҳтаринҳо дар озмун натанҳо ба дӯши ҳакамон вогузор шудааст. Тамошобинон низ имкон доранд, ки ғолиби худро номбар кунанд. Барои ин Шуморо лозим аст, ки ба суроғаи

http://talent.moneypolo.com/en/

 ворид шуда, ба ҷонибдории ҳамдиёри худ Малика Раҳмонова овоз диҳед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.