Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги Умаралӣ Назаров

Аз рӯи далели марги тифли панҷмоҳа Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия, мақомоти ин Кумита дар шаҳри Санкт-Петербург тибқи натиҷаҳои санҷиши то тафтишот аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 109, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Русия (То ба марг расонидан аз рӯи беэҳтиётӣ дар натиҷаи […]

ASIA-Plus



Аз рӯи далели марги тифли панҷмоҳа Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бино ба иттилои

сомонаи

Кумитаи тафтишоти Русия, мақомоти ин Кумита дар шаҳри Санкт-Петербург тибқи натиҷаҳои санҷиши то тафтишот аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 109, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Русия (То ба марг расонидан аз рӯи беэҳтиётӣ дар натиҷаи аз ҷониби шахс ба таври бояду шояд иҷро нашудани уҳдадориҳои касбии худ) парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Бино ба маълумоти тафтишот, рӯзи 13 октябри соли 2015 кормандони Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар ин шаҳр шаҳрвандони Тоҷикистонро барои нақзи қонунҳои муҳоҷират айбдор дониста, сипас кормандони пулис онҳоро ҳамроҳи тифлашон ба шуъбаи пулис меоранд Сипас табибони «ёрии таъҷилӣ» тифлро ба Маркази тиббии В.В.Симбалин бурда, рӯзи 14 октябр шабона тифл ба ҳалокат мерасад.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти пешакӣ, тифл аз бемории сирояти шадиди ангезандаи роҳи нафас (респираторӣ) фавтидааст.

Гуфта мешавад, айни замон бо мақсади муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода маҷмӯи амалҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, тафтиши парванди ҷиноии мазкур идома дорад.

Ғайр аз ин, аз ҷониби мақомоти тафтишоти Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург нисбати шахсоне, ки ба аз дасти волидон гирифтани тифл ва ба маркази тиббӣ бурдани ӯ дахл доранд, санҷиши то тафтишот ҷараён дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки кормандони пулис ҳамчунин нисбати волидони тифл аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 156-и Кодекси ҷиноии Русия (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ) низ санҷиши то тафтишот мегузаронанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.