Аз рӯи далели марги тифли панҷмоҳа Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Бино ба иттилои
сомонаи
Кумитаи тафтишоти Русия, мақомоти ин Кумита дар шаҳри Санкт-Петербург тибқи натиҷаҳои санҷиши то тафтишот аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 109, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Русия (То ба марг расонидан аз рӯи беэҳтиётӣ дар натиҷаи аз ҷониби шахс ба таври бояду шояд иҷро нашудани уҳдадориҳои касбии худ) парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.
Бино ба маълумоти тафтишот, рӯзи 13 октябри соли 2015 кормандони Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар ин шаҳр шаҳрвандони Тоҷикистонро барои нақзи қонунҳои муҳоҷират айбдор дониста, сипас кормандони пулис онҳоро ҳамроҳи тифлашон ба шуъбаи пулис меоранд Сипас табибони «ёрии таъҷилӣ» тифлро ба Маркази тиббии В.В.Симбалин бурда, рӯзи 14 октябр шабона тифл ба ҳалокат мерасад.
Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти пешакӣ, тифл аз бемории сирояти шадиди ангезандаи роҳи нафас (респираторӣ) фавтидааст.
Гуфта мешавад, айни замон бо мақсади муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода маҷмӯи амалҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, тафтиши парванди ҷиноии мазкур идома дорад.
Ғайр аз ин, аз ҷониби мақомоти тафтишоти Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург нисбати шахсоне, ки ба аз дасти волидон гирифтани тифл ва ба маркази тиббӣ бурдани ӯ дахл доранд, санҷиши то тафтишот ҷараён дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки кормандони пулис ҳамчунин нисбати волидони тифл аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 156-и Кодекси ҷиноии Русия (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ) низ санҷиши то тафтишот мегузаронанд.



